• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЙКИ ТОЗА: 7 НАФАР УСТОДИ ДОНИШКАДА САЗОВОРИ ИФТИХОРНОМАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ГАРДИДАНД
ПАЙКИ ТОЗА: 7 НАФАР УСТОДИ ДОНИШКАДА САЗОВОРИ ИФТИХОРНОМАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ГАРДИДАНД

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба як гурӯҳ фаъолони хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла ба 7 нафар устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург буда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд ёфта истодааст.
Зикр карда шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон роҳи рушди устуворро тай намуда, дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд. Дар вилояти Суғд низ ба шарофати фазои сулҳу субот ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат рушди иқтисодию иҷтимоӣ таъмин гардида, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Дар идомаи маросим ба гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногун ва фаъолони хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла аз ҷумла ба 7 нафар устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми арзанда гузоштаанд, дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо пешниҳоди раёсати донишкада Мазбуд Холиқзода, муовини директор оид ба таълим, Насимҷон Камолов, декани факултети муҳандисӣ-технологӣ, Зӯҳро Умарова, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, Хуршед Худойбердиев, профессори кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Наимҷон Рашидов, мудири кафедраи агротехнология ва экологияи саноат, Дадохон Ҷӯраев, мудири кафедраи таъмини барқ ва автоматика ва Ҷамшед Ғуфронзода, сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ ба гирифтани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шарафёб шуданд.
Метавон гуфт, ки чунин қадршиносӣ устодони донишкадаро барои фаъолияти минбаъда, меҳнати содиқона ва ташаббусҳои созанда рӯҳбаланд намуда, онҳо минбаъд низ тамоми донишу малака ва неруи худро барои ободии Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона хоҳанд кард.
Муборак бошад!

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 90

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 04.09.2026
ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДА
ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДА
  • 04.09.2026
ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДА
ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДА

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
  • 27.06.2026
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены